Ақди никоҳ ва оқибатҳои ҳуқуқии он.

Маҳз дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), яъне дар зери назорати мақомоти махсуси давлатӣ ба расмият даровардани ақди никоҳ, зарурати дарки аҳамияти никоҳро ҳамчун институти гражданию ҳуқуқии навъи алоҳида ва аз тарафи дигар манфиатдории давлатро дар тавлиди оила,ки асоси он никоҳ мебошад, ба вуҷуд меорад.

     Қонунгузории ҷори мафҳуми никоҳро дар ду мавқеъ ҳамчун факти ҳуқўқи, ки муносибатҳои зану шавҳариро ба вуҷуд меорад ва мавқеи махсуси ҳуқуқии ашхосе,ки дар никоҳ қарор доранд, ҷудо мекунад.ва фарқият мегузорад.

     Берун аз таърифи никоҳ он муносибатҳое мемонанд,ки байни ашхоси ба никоҳ дохилшуда ба вуҷуд меоянд.

      Мавқеи дар никоҳ қарор доштан ин маънои дорои ҳуқуқ ва ўҳдадори гардидани ҳамсаронро дорад. Бояд қайд намуд,ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ ҳадди муайян дорад ва берун аз салоҳияти он арзишҳое, аз ҷумлаи муҳаббату эҳтироми тарафайн, заминаҳои ахлоқии муносибатҳои занушавҳари мемонанд,ки бевосита аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда намешаванд, бо вуҷуди он ки ин арзишҳо  ҳангоми қабули ин ё он қарор ба эътибор гирифта мешаванд. Ба монанди ба тариқи судӣ буэътибор донистани никоҳ бо сабаби мақсади ташкили оила надоштани он, дар ин ҷо қабл аз ҳама , омилҳои ахлоқию маънавӣ барраси мегардад.

      Қонунгузор асосан муносибатҳои амволии муносибатҳоеро.ки миёни ҳамсарон ба вуҷуд меоянд,ба танзим медарорад ва низоми ҳуқуқии амволи ҳамсаронро  муайян карда, айни замон оқибатҳоеро ,ки аз факти дар никоҳ будан ҳосил шуда, хусусияти гражданию ҳуқуқи доранд,пешбини мекунад (дар мисоли баъди фавти яке аз ҳамсарон ба мероси ҳамсари дигар гузаштани молу мулк).

     Муносибатҳои занушавҳари ҳамчун навъи алоҳидаи муносибатҳои оилави мавқеи хоси ҳуқуқи- яъне статуси дар никоҳ қарор доштанро ба вуҷуд меоранд. Ин муносибатҳо дарозмўҳлату мураккабанд ва ба татбиқи ҳуқуқу иҷрои ўҳдадориҳо ба мазмуни амиқи ҳуқуқи нисбат дода мешаванд.

    Ба нишонаҳои хоси никоҳ аломатҳои никоҳ,ки дар моддаи зз-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, якканикоҳи ,озодии никоҳ,баробарии тарафҳо,якумрӣ. Таваллуд ва  тарбияи фарзандон,бастани никоҳ бо тартибу шакле, ки қонун муқаррар карда аст, мансуб дониста мешаванд.

    Ҳаргуна никоҳе,ки аз рўи урфу одат ва маросимҳои динӣ ва бе қайд дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста шуда бошад,ягон хел оқибати ҳуқуқи ба вуҷуд намеорад.зеро аз нигоҳи ҳуқуқ эътибор надорад.

    Тибқи муқаррароти моддаи 26-и Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ дорад мустақилона муносибаташро ба дин муайян кунад. Бо истифода аз ин ҳуқуқи  конститутсиони шахс метавонад аз расму таомули динӣ ҳангоми бастани никоҳ то қайди давлатии он ва ё баъди қайди давлатӣ истифода кунад ва дар ин маврид қонун монеаги намегузорад. Ба ҳар ҳол, ақди никоҳ дар ҳолате ҳақиқи ва қонуни эътироф карда мешавад,ки агар дар мақомоти САҲШ ва дигар мақомотҳое,ки қонунгузор муайян кардааст, расман ба қайд гирифта шуда бошад. Қайди никоҳ хосияти ҳуқуқофаринӣ дорад,аз ин рў ҳуқуқу ўҳдадориҳои ҳамсарон аз лаҳзаи қайди никоҳ ба миён меояд.

    Қайди никоҳ дар шаҳру навоҳӣ дар шўъбаҳои САҲШ, дар деҳаҳо ва шаҳракҳо бошад аз ҷониби ҷамоатҳои ҳамон минтақа ба ҷо оварда мешавад.

    Никоҳҳои аз қайди давлати гузашта ҳам ба манфиати давлат ва ҳам ба манфиати оилаҳо мебошанд.Қайди ҳатмии никоҳ масъулияти ҳамсаронро назди ҳамдигар ва баъдан назди кўдакон ва ҷамъият баланд мебардорад.Моҳиятан қайди давлатии никоҳ унсури асосӣ ва ҳатмии таркиби ҳуқуқии никоҳ буда, давраи ҷамъбастии он ба шумор меравад.Ин амал аҳамияти конститусиони дошта,баъди қайди никоҳ дар ҳамсарон маҷмўи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳо ба вуҷуд меоянд.Қўдаконе,ки баъди қайди никоҳ таваллуд мешаванд,кўдакони дар никоҳ таваллудёфта ба ҳисоб рафта, дорои оқибатҳои  ҳуқуқие мегарданд,ки қонунгузории оила ва дигар қонунҳо пешбини кардаанд.

    Мутаасифона дар таҷрибаи судӣ аз аризаҳои ба суд пешниҳодшуда  дар бораи муқаррар кардани падари,  рўёнидани алимент инчунин тақсимоти амвол ва ғайраҳо дида мешавад,ки бисёре аз шаҳрвандон бо тариқи расму оини дини оиладор шуда,солҳои муайян бо ҳам зиндагони намуда,соҳиби фарзандон шудаанд,аммо ин муносибати зану шавҳарии худро мувофиқи қонун ба расмият надаровардаанд,яъне дар мақомоти САҲШ аз қайди давлатии никоҳ нагузаронидаанд,ки ин маҳрум мондани ҳамсарон аз ҳуқуқ ва ўҳдадоиҳои муайян дар назди ҳамдигар ва қонун мебошад.

    Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандон зарур аст, ки ҳангоми муносибатҳои занушавҳари барпо намудан, ҳатман никоҳи худро дар мақомоти САҲШ ва мақомотҳое,ки қонунгузор муайян кардааст,ба расмият дароварда,  дорои ҳуқуқ ва ўхдадориҳои аз тарафи қонун муқарраргардида шаванд.

 

Раиси суди ноҳияи
Зафаробод                                                            Д.Илёсзода.