Ҷиноятҳои одамрабои ва Хариду фурўши одамон.

          Ҷинояти одамрабои дар моддаи 130 ва хариду фурўши одамон дар моддаи 130 прим бобби 17-и Кодекси Ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуда, ба гурўҳи ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ,обрў ва эътибори шахсият дохил мешаванд.
Дар зери мафҳуми одамрабои – ҳаракатҳои қасдонаи зиддиҳуқуқии бо роҳи пинҳони ё кушод ва ё бо истифодаи фиреб ғасби одами зинда, маҳрум сохтани ў аз иштирок дар муносибатҳои иҷтимоии мўътадил, ҷойивазкунии вай аз як ҷойи истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бо мақсади нигоҳ доштан дар ҷои дигар бар зидди иродаи ў фаҳмида мешавад.
Объекти бевоситаи ҷинояти одамрабои ин асосан озодии шахси ҷисмони,яъне одам аст.           Дар баъзе ҳолатҳои дигар ба сифати объекти иловагӣ, инчунин бехатарии ҳаёт, саломатии одам,муносибатҳои молумулки ва амсоли онҳо баромад мекунанд.Ба сифати ҷабрдида аз ҷинояти мазкур ҳама гунна одам,новобаста аз синну сол, вазифа,шаҳрвандӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва монанди инҳо баромад мекунад.
Одамрабоӣ танҳо бо ҳаракти фаъолона содир карда мешавад. Ин ҷиноят бо роҳи пинҳонӣ,кушод,фиреб ва ё бо истифодаи бовари ба ҷойи муайян овардани одам ва баъд нигоҳ доштани он ба чашм мерасад.Бояд қайд намуд,ки мўҳлати нигоҳ доштани шахс барои банду баст намудани кирдор бо ин модда аҳамият надорад.Вакти ба охиррасии ин ҷиноят аз вақти ба ғасб гирифтани одам ва ҷойивазкунии ў ба ҷои дигар фаҳмида мешавад.
Одамрабоӣ дар якҷоягӣ бо дигар кирдорҳои ҷиноятӣ, ба монанди таҳдиди одамкушӣ,лату кўб, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо содир шуданаш мумкин аст. Дар баъзе ҳолатҳо ингуна одамрабоӣ бо истифодаи маҷбуркунии ҷисмонӣ ё маънавӣ бо мақсади содир кардани ҳаракатҳо,ки мақсади рабуданро доранд (ба монанди пулсупори барои озод кардан, баргардонидани қарз , ба одамрабоён додани молу мулк ва ғайра содир карда мешавад).
Тарафи субъективии одамрабоиро гуноҳ дар намуди қасди бевосита ташкил медиҳад.Гунаҳгор мефҳмад,ки одами дигарро ғайриқонунӣ рабуда истодааст ва аз як ҷой ба ҷойи дигар, бе розигии ў мебарад ва мехоҳад чунин кирдорро содир кунад.Ангезаи ҷинояти мазкур дар бисёр маврид ғараз мебошад, вале дар баъзе ҳолатҳо қасос,рашк, авбоши ва ғайра шуда метавонад.
Субъекти (шахси) одамрабоӣ- ин ҳамагуна шахси мукаллафи (солим),ки ба синни 14 солагӣ расидааст, ба шумор меравад.
Қонунгузории ҷинояти ҷазои ҷиноятиро барои ин намуди ҷиноят бо қисми 1-уми ин модда аз 5-то 8 сол, вобаста ба ҳолатхои кор бо қисми 2-юм аз 8-то 12 сол ва бо қисми 3-юми ин модда аз 12 то 20 сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбини намудааст.

Хариду фурўши одамон— ин бо розигӣ ё бе розигӣ бо роҳи фиреб, ҷалбкунӣ, пинҳонкунӣ, супоридан, интиқол, дуздӣ, қаллобӣ, сўистеъмоли ҳолати заифӣ, додани ришва барои гирифтани розигии шахсе,ки дигар шахсро назорат мекунад, инчунин, дигар шаклҳои маҷбурсозӣ бо мақсади минбаъда фурўхтан, ҷалбкунӣ барои фаъолияти шаҳвонӣ ё ҷиноятӣ, истифодабарӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳона,корчаллонии фисқу фуҷур (порнографи), меҳнати маҷбурӣ,ғуломӣ ё одатҳои ба ғуломи монанд, асорати қарзӣ ва ё фарзандхонӣ бо мақсадӣ тиҷоратӣ. Қонунгузории ҷиноятӣ ҷазоро барои содир намудани ин ҷиноят, қисми 1-уми ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодро ба мўҳлати аз 5 то 8 сол, вобаста бо ҳолатҳои кор, кисми 2-юм аз 8-то 12 сол ва қисми 3-юм аз 12 то 15 сол маҳрум сохтан аз озодиро бо мусодираи амвол муқаррар намудааст.
Ин ҷиноят ба КҶ ҶТ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таъғироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1-уми августи соли 2003 таҳти № 45 дохил карда шудааст. Яке аз асосҳои ба КҶ дохил намудани чунин таркиби ҷиноят- ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи харидуфурўши одамон, хусусан занону кўдакон ва ҷазо барои он, ки илова ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, ба ҳисоб меравад.Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ аз 15-уми ноябри соли 2000 қабул шудааст,ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми майи соли 2002 тасдиқ кардааст.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурўши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон» аз 15-уми июли соли 2004 таҳти № 47 муайян менамояд.
Ҷинояти мазкур, яъне хариду фурўши одамон яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.
Тарафи объективии ин ҷиноят дар ҳаракатҳои фаъол, яъне дар харидан ва ё фурўхтани одамон ифода мегардад.Чунин кирдор, новобаста аз розигии ҷабрдидагон, ҷиноят эътироф карда мешавад.
Тарзи содиркунии ин ҷиноят чи хеле,ки дар диспозитсияи моддаи тафсиршаванда нишон дода шудааст ин бо роҳи фиреб, ҷалбкунӣ, пинҳонкунӣ,супоридан,интиқол,дуздӣ, қаллобӣ, сўистеъмоли ҳолати заифии ҷабрдида, додани ришва барои гирифтани розигии шахсе,ки ҷабрдидаро назорат мекунад,инчунин бо роҳи дигар шаклҳои маҷбўрсозӣ.
Ин таркиби ҷиноят аз рўи сохташ ба таркиби расмиӣ дохил шуда, аз вақти содир намудани кирдор,яъне харидани ҷабрдида ё фурўхтани он хотимаёфта хисобида мешавад.
Тарафи субъективии ин ҷиноят дар қасди бевосита ифода мегардад, яъне гунаҳгор дарк менамояд,ки ҷабрдидаро ҳамчун мол мехарад ва ё мефурўшад ва хоҳиш дорад,ки чунин кирдорро анҷом диҳад.
Мақсад аломати асосии ин ҷиноят баҳисоб меравад, яъне, ин кирдор бо мақсади дар оянда фурўхтани ҷабрдида, истифодабарии ў барои фаъолияти шаҳвонӣ ё фаъолияти ҷиноятӣ, истифодабари дар муноқишаҳои мусаллаҳона, корчаллонии фисқу фуҷур (порнографӣ), меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ ё одатҳои ба ғуломи монанд,асорати қарзӣ ва ё фарзандхонӣ бо мақсади тиҷоратӣ содир карда мешавад.
Субъект яъне шахси содиркунандаи ин ҷиноят шахси мукаллафи (солим) ба сини 16- солаги расида мебошад. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳарду тарафи аҳдбастагон, яъне ҳам харидор ва ҳам фурўшанда кашида мешаванд.

Раиси суди ноҳияи Зафаробод

Д. Илёсзода