Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

semya1Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷой дода шуда, аз нўҳ модда иборат мебошад ва аз моддаи 6 то моддаи 9-и қонуни мазкурро дар бар мегирад.

     Дар моддаи 6-и қонуни мазкур, ки баробарии ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар ном дорад омадааст — Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин маънои онро дорад, ки падар ва модар новобаста аз он ки бо ҳам якҷоя ё ҷудо зиндагонӣ доранд, дар таълим ва тарбияи фарзандон ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои баробар доранд.

     Моддаи 7-и қонун ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ном дошта, дар ин модда ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ифода ёфтаанд. Аз он ҷумла, ҳуқуқҳои падару модар оиди ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзанд, интихоб намудани шакл, намуд ва усули таълим новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо агар ин шакл намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва инкишофи маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад, иштирок ва мусоидат намудан дар раванди таълиму тарбия, аз он ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандўзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо пешниҳод ба мақомотҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ муроҷиат кардан, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд будан, дар раванди таълим дар асоси стандартхои давлатии таҳсилот риояи ҳуқуқи фарзандро талаб намудан, мусоидат намудан ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, шинос шудан ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандўзии фарзанд ва дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ созанд.

     Ўҳдадориҳои падар ва модар дар тарбия ва таълими фарзанд дар моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни номбурда ҷой дода шуда, масъулияти падару модарро барои тарбия ва таълими фарзанд дар назди ҷомеа ва давлат баланд бардошта, дар як вақт барои ба таври бояду шояд иҷро накардани ин ўҳдадориҳо аз ҷониби қонун ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст.

     Аз он ҷумла, дар моддаи 8-и қонун ўҳдадориҳои падар ва модар оиди он ки гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кўча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд, шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбати ў роҳ надиҳанд, дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд, ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, ба фарзандон тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зўроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намуда, барои фарзанди то бистсола истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, махсулоти тамоку ва маводҳои сахттаъсирро манъ намоянд. Гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рондани автомобил иҷозат надода, ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзандон роҳ надиҳанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзандон манъ намуда, дастрасии фарзандонро ба маводҳои сўзандаю тарканда пешгирӣ намоянд.

     Дар моддаи 9-и Қонуни мазкур бошад, ӯҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд ном додшта, дар он омадааст, ки падар ва модар дар таълими фарзанд ўҳдадоранд, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд. Ба таълим фаро гирифтани фарзандонро таъмин намуда, ба таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, фарзандонро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими онҳо шароити муносиб муҳайё намуда, риояи пўшидани либоҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзандон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд. Аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегиранд, хабардор шуда, бо ин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандонро дар ин муассисаҳо зери назорат гирифта, донишандўзӣ ва иштироки фарзандонро дар раванди таълим назорат карда бо омўзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ иштирок намуда, талаботи оинномаи муассисаҳои таълимиро, ки фарзандонашон дар он ҷо таълим мегиранд, иҷро намоянд. Ҷалби фарзандонро барои гирифтани таълим дар талимгоҳҳои ғайриқонунӣ ё дар назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаъолияткунанда манъ намуда, таълими онҳоро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд.

     Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» махсусан, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ба боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти падар ва модар дар раванди тавълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

 Раиси суди ноҳияи

Зафаробод Илёсзода Д.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>