Қонунро эҳтиром бояд кард

     Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд сол сипарӣ гардида бошад ҳам иҷрои он аз тарафи баъзе шаҳрвандон ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳо риоя карда намешавад. Суд дар маҷлиси худ парвандаи ҳуқуқвайронкунии Исматов А.Ш.-ро дида баромад. Шоҳид Болтаев И.М. дар маҷлиси судӣ нишондод дод, ки ў ҳамчун котиби комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки Зафаробод, бо ҳамкории аъзоёни комиссия ва ёрдамчии прокурори ноҳияи Зафаробод ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рўзи 20 ноябри соли 2016 дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод рейди муштарак гузаронидаанд. Ҳангоми рейд муайян кардаанд, ки ҳуқуқвайронкунанда Исматов А.Ш. рўзи 20 ноябри соли 2016 аз соати 08:00 дақиқа то 11:00 дақиқа дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Зафаробод Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, деҳаиЗафар, тўйи хатнасури фарзандашро барпо намуда, дар саҳни ҳавлиаш барои 50 нафар меҳмонон дастархон ороста, 30 кг биринҷро ош кардааст. Чорабинӣ, яъне додани ош соати 08:00 дақиқа оғоз гардид. Тахминан соати 08:20 дақиқа аъзоёни комиссия ба хонаи ҳуқуқвайронкунанда рафта, меҳмононро ҳисоб кардаанд, ки 55 нафар меҳмонони ҷинси мард иштирок доранд. Сипас аъзоёни комиссия дар ин хусус санад тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаро оиди вайрон накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» огоҳ кардаанд. Тахминан баъди гузаштани якуним соат боз онҳо, яъне аъзоёни комиссия ба хонаи ҳуқуқвайронкунанда рафтаанд, ки 52 нафар меҳмонони дигар яъне занҳо иштирок доранд, сипас онҳо санад тартиб додаанд.

     Тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рўз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида мешавад.

     Дар маҷлиси судӣ аз нишондоди худи ҳуқуқвайронкунанда Исматов А. Ш. нишондоди шоҳидон ва дигар маводҳои парванда ҷамъ овардашуда муайян карда шуд, ки Исматов А.Ш. бар хилофи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, туйи хатнасури фарзандашро бо иштироки 107 нафар гузаронидааст.

     Судя кирдори ҳуқуқвайронкунанда Исматов Анвар Шералиевичро бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо пешбинӣ кардааст, банду баст намуда, Қарор кард:

     Исматов Анвар Шералиевич дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 4000 (чорҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад. Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки раиси маҳаллаи №12 деҳаи Зафар, шаҳраки Зафаробод, ноҳияи Зафаробод, Бердиёров Д. фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ намонда, барои пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои дахлдор намеандешад.

     Суд оиди камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти раиси маҳалла ба маълумоти раиси Ҷамоати шаҳраки Зафаробод таъинот ирсол намуд.

 

Судяи суди ноҳияи Зафаробод

Дўстзода М.Т.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>