Роҳҳои пешгирии бекор кардани ақди никоҳ

Давлат оиларо ҳамчун асоси

ҷамъият ҳимоя мекунад.

(Моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

      Ҳангоме, ки мо оила мегўем, зери ин мафҳум муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлатро мебинем. Бинобар ин интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рў пеш аз барпо намудани оила ҳар шаҳрванд бояд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омўзиш қарор дода, урфу одатҳои милли, хурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби зану шавҳари ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.  Дар оиладори ва муносибатҳои оилави бузургтарин бурд барои ҳарду ҷониб ин сабр аст.

     Таҷрибаи суди нишон медиҳад, ки дар соли 2016-ум ба суди ноҳияи Зафаробод 82 аризаи даъвоги вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ ворид шуда, аз ин 57 никоҳ бекор, 15 парвандаҳои оилави оиди бекор кардани ақди никоҳ бинобар ошти додани тарафҳо аз ҷониби суд ва аз даъво даст кашидани даъвогарон қатъ карда шудааст.

     Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки бекоршавии никоҳҳо асосан дар байни ҷавонон ва навхонадоршудагон зиёд аст, ки сабабҳои он тибқи таҳлилҳои таҷрибаи суди аз тайёр набудани ҷавонон ба оиладоршави, камтаҷрибагии онҳо дар ин ҷода, таъсирии манфии калонсолон махсусан падару модар, хусуру хушдоман, бародару хоҳарони зану шавҳар ва хешу таборони наздик ба навхонадоршудагон, инчунин надонистани ҳуқуқҳои худ ва тарзи ҳифзи он мебошад.

     Омўзиши амалияи суди сабабу шароитҳои бекоршавии никоҳҳоро муайян намуд, ки ин пеш аз ҳама таъсири манфии калонсолон махсусан падару модар ва хусуру хушдоман, бародару хоҳарони зану шавҳар ба навхонадорон, номувофиқии хислатҳои бо ҳам издивоҷкунандагон, аз хориҷа, яъне муҳоҷирати меҳнати барнагаштан, хиёнати зану шавҳари ва бефарзанди мебошад.

     Бекоршавии зиёди никоҳро, дар сурати пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳи, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи, тайёр намудани ҷавонон ба оиладоршави ва ҳаёти алоҳидаи мустақилона, баланд бардоштани масъулияти занушавҳарии онҳо, пешгири кардан мумкин аст.

     Барои пешгири кардани бекоршавии никоҳ шуъбаи САҲШ, мактабу маориф, ҷамоатҳову маҳалҳо, ходимони дин, кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳи, бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроия низ масъуланд.

     Мақомотҳои зикршуда метавонистанд бекоршавии ақди никоҳ ва вайроншавии оилаҳоро то ба суд муроҷиат кардани тарафҳо (зану шавҳар) пешгири намоянд, зеро бо корҳои фаҳмонидадиҳи ва кушиши вайроннашавии оилаҳо, аз тарафи суд 15 парвандаҳои оилави бинобар аз тарафи суд ошти додани зану шавҳар қатъ карда шуда, вайроншавии оилаҳои номбурда пешгири карда шуд. Дар як вақт муайян карда шуд, ки бо оилаҳои номбурда аз ҷониби мақомотҳои дар боло номбурда ягон кушиш ва чорабиниҳои зарури барои пойдории ин оилаҳо ва бо ҳам ошти додани онҳо гузаронида нашудааст, ки ин оилаҳои номбурда бо аризаи даъвогӣ барои бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намудаанд.

     Бинобар ин шахсони мутассадии мақомотҳои зикршударо зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тайёр намудани ҷавонон ба оиладоршавӣ ва баланд бардоштани масъулияти занушавҳарии онҳо дар байни мардум корҳои ташвиқотию тарғиботи ва фаҳмондадиҳиро пурзўр намуда мунтазам бо ҷалби психологҳо, оилаҳои намунавию ва таҷрибаи хуби ҳаётидошта, ҳуқуқшиносон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохўрию сӯҳбатҳо ташкил намоянд.

     Эҳтиёткор будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омўхтан барои онҳое, ки бори нахуст ба зиндагӣ қадам мегузоранд гумон мекунам, ки талаботи аввалиндараҷа аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфаҳмӣ, муҳаббати байни зану шавҳар ташкил медиҳад. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кўмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, барои некўаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд. Бо ин роҳҳо мумкин аст, ҷараёни бекоршавии ақди никоҳҳоро, ки рўз аз рўз афзоиш ёфта истодааст, пешгирӣ кардан мумкин аст.

  Илёсзода Д.

Раиси суди ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>