Уҳдадории алиментдиҳии падару модар оид ба таъминоти моддии фарзандони ноболиғ

     Тибқи талаботи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

    Ғайр аз ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини падару модар таъминоти моддии фарзандон мебошад, чунки алимент барои кўдакон воситаи асосии рузгузарони буда, падару модари дар никоҳбуда, инчунин падар ва модари кўдаке, ки никоҳашон бекор карда шудааст, барои таъминоти моддии кўдакашон ўҳдадор мебошанд. Ўҳдадории алиментдиҳии падаре, ки кўдакаш аз зиндагии воқеъӣ бо модари ў таваллуд шудааст, пас аз муқаррар кардани асоси ҳуқуқии муносибати байни онҳо ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид эътирофи падарӣ нисбати кўдак ба таври ихтиёри ё ин, ки бо роҳи судӣ муқаррар карда мешавад.

      Дар ҷомеаи имрўзаи мо масъалаи аз ҳам пош хурдани оилаҳо ва таъминоти моддии фарзандони ноболиғ аз ҷониби падару модарон ба як масъали доғи рўз табдил ёфтааст. Падару модар хусусан падарон аз таъминоти моддии фарзандон саркаши намуда, ё бо ҳар роҳу восита аз таъминоти моддии фарзандонашон худдори менамоянд.

     Дар ин ҷо саволе пеш меояд, ки агар падар ё модар дар таъминоти моддии фарзандони ноболиғи худ иштирок накунанд ё ба таври номатлуб иштирок кунанд, онҳо чӣ хел мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масълияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар таълиму тарбияи фарзандони ноболиғи худ иштирок мекарда бошанд?

     Ҳол он, ки тибқи Конститутсия ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зану шавҳар ҳуқуқ додааст, ки тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро худашон мустақилона муайян намоянд ва агар падару модар фарзандони худро ихтиёран таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ маҷбуран ситонида мешавад.

     Судҳо бо дуруст ва дар асоси қонун баррасӣ намудани парвандаҳои категорияи мазкур метавонанд, муноқишаҳои оилавиро бартараф намуда, ба ин васила ҳифзи ҳуқуқи кўдакони ноболиғро таъмин намоянд.

     Аз ҳисоботи оморӣ муайян карда шуд, ки дар соли 2015 аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Зафаробод 72 адад парвандаи оилавии категоряи руёнидани алимент ба қайд гирифта шуда, баррасӣ гардидаанд. Аз ин шумора 61 адад парванда бо қабули ҳалнома моҳиятан баррасӣ карда шуда, 5 адад даъво бо асосҳои ҳозир нашудани тарафҳо бе баррасӣ мононда шуда, 6 адад парванда бо сабаби даст кашидани даъвогарон аз даъво қатъ карда шудааст. Дар 11 моҳи соли 2016 бошад аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Зафаробод 40 адад парвандаи оилавии категоряи руёнидани алимент ба қайд гирифта шуда, баррасӣ гардидаанд. Аз ин шумора 34 адад парванда бо қабули ҳалнома моҳиятан баррасӣ карда шуда даъвоҳо қонеъ карда шуда, 6 адад парванда бо сабаби даст кашидани даъвогарон аз даъво қатъ карда шудааст.

     Гуфтаҳои боло шаҳодат аз он медиҳанд, ки падару модарон хусусан падарон барои таъминоти моддии фарзандони ноболиғ камаҳамияти зоҳир намуда, ҳатто аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд. Таҷрибаи суди нишон медиҳад, ки сабаби зиёд муроҷиат кардани занон барои руёнидан алимент ин аз ҷиҳати моддӣ танқиси кашидани онҳо ва таъмин нагардидани фарзандони ноболиғашон аз ҷиҳати моддӣ мебошад.

     Ҳалномаҳое, ки дар суди ноҳияи Зафаробод аз ҷониби судяҳо қабул карда мешаванд миқдори миёнаи алимент асосан 80-130 сомониро ташкил медиҳад ва ин миқдор алимент дар асоси вазъи иҷтимоии тарафҳо мукаррар карда мешавад, ки алиментсупорандагон аз супоридани ин маблағи ночиз, низ саркашӣ мекунанд.

     Қонунгузор ба падару модар имконияти мустақилона муайян намудани андоза ва шакли таъминоти фарзандонашонро додааст. Дар мавриди мустақилона ҳал намудани таъминот ва ихтиёрона ба мувофиқа омадани падару модарон онҳо метавонанд дар асоси боби 16 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ дар хусуси пардохти алимент созишнома банданд.

     Моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ўҳдадориҳои алиментдиҳии падару модарро барои таъминоти фарзандони ноболиғ вобаста ба руёниши алимент муқаррар намудааст.

     Ҳангоми бастани ин созишнома ҳатман манфиати кўдак ба инобат гирифта мешавад. Дар мавриди ба таври ихтиёри аз ҷониби падару модарон таъмин накардани фарзанд аз ҷиҳати моддӣ ва байни тарафҳо набудани созишномаи пардохти алимент, чунин таъминот бо роҳи суди аз ҳисоби падару модарон ба манфиати кўдакони онҳо руёнида мешавад. Тартиби муроҷиат ба судро қонуни мурофиавии гражданӣ ба танзим медарорад.

     Барои аз ҷониби падару модарон яке аз онҳо ба кўдакони ноболиғ руёнидани алимент, ки кўдак дар он тарбия меёбад, ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро дорад.

     Инчунин ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

     Рўёнидани алимент бо тариқи судӣ ҳангоми набудани созишнома барои пардохти алимент ҷой дорад. Дар асоси ҳалномаи суд аз падару модари кўдакони ноболиғ ба фоидаи онҳо вобаста аз шумораи кўдакон ҳиссаи (фоизи) муайян аз музди меҳнат ва даромади дигари падару модар алимент рўёнида мешавад. Қонун дар ин маврид ба таври ҳатмӣ ҳиссаи алиментро муқаррар кардааст ва ҳангоми баланд шудани музди меҳнат дар як вақт маблағи алимент низ вобаста ба он баланд мегардад.

     Мувофиқи моддаи 81 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падар ё модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерўёнанд: барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.

     Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кўдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 Кодекси Оила бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

     Мувофиқи моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кўдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.

     Ҳолатҳои муайяннамудаи қисми 1 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағи устувор руёнидани алимент ба ду гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст. Гуруҳи якум, ки аз иродаи тарафҳо вобастагӣ дорад ва он аз набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кудакони ноболиғ иборат аст. Гуруҳи дуюми ҳолатҳои муайянкардаи қонун маҳдуд набуда, аз ҳолатҳое вобаста аст, ки руёнидани алимент аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари алиментдиҳанда имконнопазир аст ё манфиати яке аз тарафҳоро халалдор месозад.

     Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мўҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад.

     Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ў мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

     Ситонидани алимент дар асоси созишнома ё варақаи иҷро аз ҷониби иҷрочии суд ба амал бароварда мешавад. Баъди ба суд ворид шудани ҳуҷҷати иҷро иҷрочии суд қарздорро давъат намуда ба ў оиди сари вақт пардохт кардани алиментро фаҳмонида уҳдадори ба тариқи хаттӣ мегирад.

     Дар сурати аз ҷониби алиментдиҳанда бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудан аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, моддаи 177 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷмноятиро пешбини кардааст.

     Дар соли 2015 ва 11 моҳи соли 2016 дар суди ноҳияи Зафаробод 7 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳафт нафар бо моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қасдан саркаши кардан аз таъминоти фарзанд пешбинӣ менамояд баррасӣ карда шуда нисбати судшавандаҳо ҷазоҳои сазовор таъин карда шудааст.

     Ғайр аз ин, проблемаи дигаре ки ҷомеаи моро имруз фаро гирифтааст ин муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад ва аксаран алиментсупорандагон бе огоҳ кардани иҷрочиёни суд ҷои истиқоматашонро иваз намуда, бо сафар кардан ба хориҷи кишвар мераванд, ки ин саркаши кардан аз супоридани алимент ба шумор рафта, боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо мегардад.

     Оиди қарзнокии алимент бошад ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рўзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад. Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ўҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ўҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

     Тартиби ситонидани қарздори оид ба уҳдадориҳои алиментӣ ва ситонидани алимент ҳангоми ба давлати хориҷӣ барои истиқоматӣ доими ё барои кор рафтани қарзрдорро моддаҳои 64 ва 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбини кардааст.

     Мувофиқи моддаи 64 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қарздори оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ситонида мешавад. Ғайр аз молу мулке, ки тибқи қонун ба он нигаронидани ситониш манъ аст. Ҳаҷми қарздори бо қарори иҷрочии суд дар маҳалли иҷрои ҳалнома ва фармони судӣ бо тариби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

     Тибқи талаботи моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бошад, тартиби ситонидани алиментро аз қарздоре, ки ба давлати хориҷӣ барои истиқомати доимӣ ё барои кор рафтааст Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

      Ҳамин тариқ падарону модароне, ки уҳдадории алименти доранд бояд уҳдадориҳои худро оиди сари вақт пардохт кардани алимент иҷро намоянд, зеро фарзандони ноболиғи онҳо муҳтоҷи дастгирии моддии онҳо мебошанд. Дар сурати сари вақт иҷро накардани уҳдадорҳои алиментӣ алиментдиҳанда қарздор шуда, дар навбати худ оқибати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ба вуҷуд меояд.

 Илёсзода Д.

Раиси суди ноҳияи Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>